Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои нокоми ҲХДТ интихоботро ноодилона медонанд


Натанҳо бисёре аз довталабони курсиҳои порлумон аз ҳизбҳои мухолиф, балки бархе аз номзадҳои узви ҳизби ҳоким низ интихоботи ахирро ношаффоф ва натоиҷашро ноодилона мехонанд.

Дар 13 ҳавзаи инфиродӣ аз ҷамъи 14 ҳавза дар Хатлон, номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ барандаи интихоботи парлумонӣ эълон шуданд, иддае аз номзадҳои мағлуб, ки низ узви ҳизби аксарияти порлумонӣ ҳастанд, ҷараёни интихоботи гузашта ва шумориши ороро тақаллубӣ ва ғайридемократӣ унвон карданд.

Низомуддин Толибов, номзад ба вакили порлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи Вахш-32, ки узви Ҳизби халқии демократист, аммо аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихобот шудааст, мегӯяд, раъйгирии ахир бо тақаллуб ва қонуншиканиҳои ошкор сурат гирифтааст. Ҷаноби Толибов ба унвони мисол гуфт, мудохилаи мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ба маъракаи интихобот ва таҳмили хостаҳои ҳукумат ба интихобкунандаҳо, ки бояд ба ҷонибдории номзади ҳизби ҳоким Абдуҷалол Салимов раъй бидиҳанд, яке аз чанд мавриди қонуншиканист, ки нозирони ӯ сабт кардаанд: «Ба чашми сари худ дидем, ки дар бастаҳои шумурдашуда, ки ҳар номзад алоҳида-алоҳида дорад, дар бастаи Абдуҷалол Салимов баргаҳои раъйдиҳие шомил шудаанд, ки исми мо он ҷо хат зада нашудааст, яъне ба мо овоз додаанд мардум, аммо онро ба бастаи Салимов илова кардаанд. Чизи дигар ин ки нозирони моро ҳангоми баршумурии овозҳо аз бинои қитъаҳои раъйдиҳӣ берун кардаанд. Саволи дигар: наход ки дар як қитъаи хурди раъйдиҳӣ аз 400 то 600 баргаи раъйдиҳӣ аз эътибор соқит карда шавад? Яъне гӯё мардум бар зидди ҳама номзадҳо раъй дода бошанд? Ин тавр нест, масъулони интихоботӣ дидаанд, ки интихобкунандаҳо ба ҷонибдории ман овоз додаанд ва шонси пирӯзии мо хеле бештар аз Салимов аст, исми маро ҳам дар қатори дигар номзадҳо дар барга махсус хат заданд ва ҳамин тавр як овоз лағв шудааст…»

Дар ҳавзаи интихоботии Вахш-32, ба ғайр аз Низомуддин Толибов, ки ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта шудааст, ҳамчунин се нафари дигар, ки низ узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд, номзадии худро ба вакили парлумони кишвар пешбарӣ карда буданд. Аммо дар миёни онҳо Ҳизби халқии демократӣ танҳо як нафар – Абдуҷалол Салимовро расман номзади худ эълон карда буд.

Се номзади дигар дар ҷараёни маъракаҳои таблиғотӣ аз пуштибонии ҳизби ҳоким бархурдор набуданд. Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, яке аз дигар номзадҳо аз ҳавзаи Вахш буд, ки низ қаблан аз мудохилаи ҳукумат ба маъракаи пешазинтихоботиаш изҳори нигаронӣ карда буд: «Мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқи маро барои анҷоми дидору мулоқот бо раъйдиҳандаҳо ва тарғиби барномаи пешазинтихоботиям таъмин намекунанд. Банда сабаби аслии монеасозиҳои мақомотро дар он мебинам, ки ман на аз ҷониби Ҳизби Ҳокими Халқии демократӣ, балки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шудаам. То ин замон ҳар коре, ки анҷом додам, ҳар вохӯрие, ки доир кардам, бо истифода аз нуфуз ва бо кӯмаки дӯстони содиқ анҷом додаам…»

Ҷаноби Нуров мегӯяд, интихоботи 28-уми феврал бо тақаллуби ошкор сурат гирифта, раъйи беш аз нисфи интихобкунандагони ҳавзаи Вахш, ки ба ҷонибдории ӯ ва номзад Толибов супурда шуда буд, ғайриқонунӣ ба номи Салимов навишта шуд.

«Агар тақаллубкорӣ намешуд, банда дубора вакили парлумон интихоб мешудам…»

Низомуддин Толибов, номзад ба вакили порлумон аз ҳавзаи Вахш, ба навбаи худ наҳваи ширкат ва қонунӣ будани пирӯзии Абдуҷалол Салимов дар интихоботро зери савол мебарад: «Бар асоси баъзе иттилое, ки мо рӯйи даст дорем, Салимов дар маъракаҳои таблиғотиаш маблағи хеле ва хеле бештар аз ҳадди муқарраркардаи қонунро масраф кардааст. Қонун мегӯяд, ки маблағи масрафкардаи номзад барои таблиғот на бештар аз якуним ҳазор маоши ҳадди ақалл бошад, аммо ҳудудан 350 то 500 ҳазор сомонӣ сар шудааст…»

Дар ҳамин ҳол, Сайфиддин Абдулхайров, раҳбари ситоди интихоботии номзад Абдуҷалол Салимов, мегӯяд, интихобот шафоф ва одилона баргузор шуд ва иддаоҳои номзадҳои дигар дар робита ба тақаллуб ва фишори пуштибонони Салимов бепоя ҳастанд.

Одилҷон Маҳмадов, раиси созмони Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Вахш, низ мегӯяд, интихобот демократӣ ва шумориши раъйи мардум ҳам одилон сурат гирифтааст. Вай афзуд, аслан номзадҳои дигар, ки узви Ҳизби халқии демократӣ буданд, ақидатан бояд аз номзаде, ки конфронси ҳизб пешбарӣ кардааст, пуштибонӣ ва аз пешбарии номзадии худ худдорӣ мекарданд.

Бо ин ҳол, дар интихоботи 28-уми феврал дар ҳавзаи пуровозаи интихоботии Вахш-32 номзади расмии ҳизби ҳоким Абдуҷалол Салимов баранда эълон шуд. Ба иттилоъи комиссияи ҳавзаӣ, ба ҷонибдории Салимов наздик ба 60 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд.

Аммо номзадҳои дигари ҲХДТ Низомуддин Толибов ва Сайвалӣ Нуров, ки аз пуштибонии ҳизб бархурдор набуданд, бо касби мутаносибан 17 ва 16 дарсади раъйи мардум дар интихобот мағлуб гардиданд.

Дар мисоли ҳавзаҳои интихоботии вилояти Хатлон ҳамчунин як номзади дигари Ҳизби халқии демократӣ Баҳодур Ғаниев дар ҳавзаи Восеъ-39 интихоботро ба номзади Ҳизби кишоварзӣ Рустам Латифов бохтааст.
XS
SM
MD
LG