Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои заминларза баъди 3-4 сол рафъ мешавад


Мишел Бачелет, раисиҷумҳури Чилӣ, изҳор намуд, ки эҳёи манотиқи аз заминларзаи шадид осебдидаи Чилӣ се-чаҳор сол идома хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, офати табиӣ ба манотиқи марказии кишвар ба маблағи тақрибан 30 миллиард доллар хисорот ворид кардааст. Заминларзаи мудҳиш дар Чилӣ мунҷар ба ҳалокати беш аз 800 нафар гардид.
Филипе Ларрайна, вазири молияи Чилӣ, гуфт, ки ҳукумат чанд роҳи сармоягузории корҳои барқарорсозии манотиқи офатзада, аз ҷумла, тавассути нашри саҳмияҳо ва истифодаи маблағи захиравиро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG