Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни фаъолияти панҷсолаи Маҷлиси Миллӣ


Фаъолияти панҷ солаи Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон бо баргузории иҷлосе дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.

Мақомоти ин ниҳоди қонунгузор фаъолияти онро дар заминаи такмилу тасвиби қонунҳо ва мувофиқати он ба Қонуни асосии кишвар муассир арзёбӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар, бештарин заҳамоти таҳия ва тасвиби қавонинро мекашанд, аммо аъзои Маҷлиси Миллӣ, бо вуҷуди бо мардум бештар наздикӣ доштан, на танҳо дар таҳияи қавонин саҳим нестанд, балки хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Маҷлиси Миллӣ дар канори Маҷлиси намояндагон пас аз баргузории ҳамапрусӣ ё референдуми Қонуни Аоссии кишвар дар соли 1999 милодӣ ба вуҷуд омад ва ҳамакнун саввумин даври фаъолияти ин маҷлис ба анҷом расидааст.

Маҷлиси Миллӣ - нақши муҳимме дар тақвияти қонунгузорӣ

Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳоле, ба кори панҷ соли худ поён дод, ки 25 марти соли ҷорӣ интихоботи аъзои ин ниҳоди қонунгузор баргузор хоҳад шуд. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ ба РО гуфт, дар охирон иҷлоси даври дуввуми ин маҷлис фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор дар заминаи такмилу тасвиби қавонин ва санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ шуд, «дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Мили Маҷлиси Олии Тоҷикистон нисбати фаъолияти анҷомдодаи аъзои Маҷлиси Миллӣ дар давъати сеюми фаъолияти худ гузориш дода ва фаъолияти анҷомдодаи Маҷлисро дар таҳкими фазои қонунгузорӣ нек арзёбӣ намуд ва ба ҳамаи онҳое, ки дар пшбурди кори ҳокимияти қонунгузор саҳмгузор буданд, изҳори сипосмандӣ кард. Ба ҳайати нав, ки дар интихоботи пешорӯ аъзои Маҷлиси Миллӣ мегарданд, барои идома додани тадбирҳои нек дар системаи қонунгузорӣ баҳри тақкими фазои ҳуқуқӣ барои рушди муносбатҳои ҷомеъаи тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузи парламенти Тоҷикистон дар сатҳи парламентаризми банйалмилалӣ муваффаққиятҳо таманно кард».

"Мо дар Маҷлиси Намояндагон заҳмат мекашем... лекин дар он тараф, яъне Маҷлиси Миллӣ хомушӣ».

Таҷрибаи Маҷлиси Миллӣ ҳокист, ки ин маҷлис ба унвони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бештар салоҳияти баррасӣ ва тасвиби лоиҳаи қавонину санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро дорад, ки аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон тасвиб ва пешниҳод карда мешавад. Масъулони Маҷлиси Миллӣ низ мегӯянд, фаъолияти онҳо дар ин замина муассир буда ва қавонину санадҳое, ки ироа шудаанд, мавриди таъиди палатаи болоӣ қарор гирифтаанд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон низ бар ин назар аст, ки таҷриба ёд надорад, ки Маҷлиси Миллӣ, лоиҳаи қонун ва ё санадеро, ки аз сӯи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда бошад, баргардонда бошад, «тақрибан ҳолате ҳам надоштем, ки қонуне, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда бошад, аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ рад шуда бошад ва тасдиқ нашуда бошад. Чунин ҳолатро ман ёд надорам. Буданд, ҳолатҳое, ки боз ҳам бо машварат, баргардонда мешуданд, на барои рад шудан, балки барои такмили қонун, ки ин хеле нодир буд. Бештар сари масоили таҳрирӣ ва забонӣ буд ва ҳеҷ гоҳ ҷавҳари усулӣ надоштанд».
Кабирӣ мегӯяд, ҳатто миёни ду ниҳоди қонунгузор ҳеҷ гоҳ ихтилофи назаре ба вуҷуд наомадааст ва вай сабаби инро дар ташакули Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз аксарияти намояндагони як ҳизб ва он ҳам Ҳизби халқӣ - демократӣ медонанд.

Аммо аз назари Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист ва ҳамзамон вакили палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон фаъолияти Маҷлиси Миллӣ дар панҷ соли ахир собит кард, ки аксарияти аъзои ин маҷлис бо вуҷуди дар миёни мардум будан дар ҳалли мушкилоти онҳо хомӯширо авлотар медонанд, «онҳое, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳастанд ва дар маҳаллҳо дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ ва ғайридавлатӣ кор мекунанд аз мушкилоти мардум воқиф ҳастанд. Албатта онҳо вобастаи давлат ҳастанд, чун онҳоро ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кардаст. Лекин онҳо бештар бо мардум наздикӣ доранд ва мушкилоти онҳо, масалан, проблемаи андоз, ҳоҷагиҳои кишоварзӣ, ки валангор шуданд ва ё заминҳои пахтаро барои сохтмони хонаҳои ду – се ошёна ба одамони пулдор тақсим кардан, хуб медонанд. Лекин ман то ҳол надидам, ки ин масоил ва дигар мушкилоти мардумро ба исрор пешниҳод карда бошанд. Мо дар Маҷлиси Намояндагон заҳмат мекашем, баррасӣ мекунем ва ҳатто ҷанҷол мекунем, лекин дар он тараф, яъне Маҷлиси Миллӣ хомушӣ».

Аммо масъулони Маҷлиси Миллӣ мегуянд, аъҳои ин маҷлис низ дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ саҳмгузор ҳастанд. Бо таваҷҷӯҳ ба камранг ва комилан норушан будани будани фаъолияти аъзои Маҷлиси Миллӣ бештари соҳибназарон бар инанд, ки танҳо дар сурати роҳ ёфтани намояндагони дигар аҳзобу ташаккулҳои сиёсӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоӣ метавонад ба як ниҳоди воқеан касбӣ табдил гардад. Аммо бо вуҷуди он ки бахши аъзами узви Маҷлиси Миллӣ тариқи интихобот аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд, вале боз ҳам аксарияти намояндагони ин маҷлисҳо масъулони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳастанд, ки мансабдорон ва аъзои як ҳизб ва он ҳам ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ ҳастанд, ки танҳо онҳо ба аъзогии палатаи болоӣ интихоб мешаванд.

Дар интихоботи даври сеюми Маҷлиси Миллӣ дар моҳи марти соли 2005 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқи Итиҳоди мухолифон ва рӯҳонии саршинос бо фармони раиси ҷумҳурӣ ба узвияти палати болоӣ таъин гардид, аммо он гуна, ки худаш баъдтар гуфта буд, вай дар маҷлис танҳо буд. Ҳамакнун дар интихоботи қарибулвуқӯъи аъзои Маҷлиси Миллӣ, оё Тӯраҷонзода ва ё афроде ба мисли ӯ ва ё аз дигар шахсиятҳо аз ҳизбу ташакули сиёсӣ интихоб ва ё таъин хоҳад шуд? Бештари соҳибназарон бар ин назару боваранд, ки чунин таҳаввуле имкон нахоҳад дошт.

Зимнан, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст. Тибқи қонун 8 нафар аз аъзои Маҷлиси Миллӣ тавассути раиси ҷумҳурӣ таъин шуда 25 нафари дигар тариқи интихобот аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне панҷ нафарӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ интихоб мешаванд. Президентони собиқи Тоҷикистон низ аз ҳаққи ҳаётии узвият дар Маҷлиси Миллӣ баҳраманд ҳастанд ва аз инҷост, ки Қаҳҳор Маҳкамов, ду давр инҷониб яке аз курсиҳои ММ -ро дар ихтиёр дорад.

Барканорӣ ва таъинот дар охирин ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ

Вакилони даъвати саввуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар охирин нишасти худ пешниҳодҳои раисҷумҳур ҷиҳати як силсила тағйироти кадрӣ дар низоми додгоҳӣ ва додситонии кишварро тасдиқ карданд.

Басбӣ Холова муовини раиси Додгоҳи олӣ гардид. Абдуҷаббор Сатторов, ки қаблан раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе буд, муовини раиси Додгоҳи Олӣ ва ҳамзамон раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии кишвар шуд.

Абдулҳамид Нуралиев ва Мирзошариф Шарифов аз курсии муовинати додситони кулли кишвар канор рафтанд ва Юсуф Аҳмадов низ бо курсии раисии Додситони ҳарбии ҷумҳурӣ падруд гуфт.

Шерхон Салимов, ки як моҳи пеш додситони кулли кишвар таъин шуда буд, ҳамакнун муовинҳои нав дорад – Абдуқодир Муҳаммадиев, Рашид Гулматшоев ва Хайрулло Саидов, ки ҳамагӣ қаблан дар ҳамин низоми додситонӣ ифои вазифа мекарданд.

Ин охирин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Ҳайати нави Маҷлиси миллӣ дар интихоботи рӯзи 25-уми март маълум хоҳад шуд. Мувофиқи қонун 8 узви Маҷлиси миллиро аз шумори умумии 33 нафар раисҷумҳур таъин мекунад. Ва 25 нафари дигарро панҷ нафарӣ аз Душанбе, Хатлон, Суғд, Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ маҷлисҳои муштараки вакилони ин шаҳру навоҳӣ рӯзи 25 март интихоб мешаванд.
XS
SM
MD
LG