Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии як ҳизби зиддиисломӣ дар интихоботи Ҳолланд


Пирӯзии ҳизби Гирт Вилдерси маъруф бо баёнияҳои зиддиисломӣ дар интихоботи маҳаллии Ҳолланд, ин ҳизбро ба яке аз довталабони аслӣ дар интихоботи саросарии ин кишвар таблид медиҳад.

Бино бар натоиҷи муқаддамотии шумориши оро, Ҳизби озодӣ дар интихоботи шаҳри Алмер ҷойи аввалро соҳиб шуда, дар Гаага ҷойи дуввумро гирифтааст. Ҳизби озодӣ маъракаи интихоботиашро бо шиорҳои зидди муҳоҷирати мусалмонон пеш мебурд ва раҳбараш Гирт Вилдерс Исломро бо фашизм ва “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмононро бо китоби “Майн Кампф”-и Адолф Ҳитлер муқоиса карда буд.

Натоиҷи расмии шумориши орои интихоботҳои маҳаллӣ дар Ҳолланд рӯзи ҷумъа эълон хоҳад шуд, аммо натоиҷи муқад дамотии эълоншуда ҳокиии пешрафти ҷиддии ҳизби озодӣ дар ин раъйгирист. Ин ҳизб, ки бо мавзеъгириҳои тундаш дар қиболи масоили Ислом ва муҳоҷират ном баровардааст, дар интихоботи Алмер, минтақае воқеъ дар шарқи пойтахт, шаҳри Амстердам, бар кулли рақибонаш пешсаф шуд ва аммо дар Гаага танҳо аз Ҳизби кор ақиб монд ва дар мақоми дуввум ба марра расид.

Раҳбари Ҳизби озодӣ, Гирт Вилдерс рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи тарафдоронаш изҳор дошт, ки онҳо метавонанд пирӯзии худ дар Алмер ва Гаагаро ба саросари Ҳолланд тавсиъа диҳанд.

Манзури ӯ аз ин иддао интихоботи саросарист, ки моҳи июни соли равон барпо мешавад ва Ҳизби озодӣ аз ҳоло рӯи пирӯзӣ дар ин интихобот ҳисоб боз кардааст. Вилдерс гуфт: “Рӯзи 9 июн мо ба бузургтарин ҳизби Ҳолланд табдил хоҳем ёфт”.

Ҳизби Вилдерс соли 2006 бо ҳадафи, ба гуфтаи муасссисонаш, “гирифтани пеши роҳи исломишавии Ҳолланд” ташкил ёфт ва интихоботҳои маҳаллии рӯзи 3 март дар Алмеру Ҳолланд нахустин имтиҳони сиёсии ин гурӯҳ дар ҳамагӣ се моҳи монда то интихоботи саросарии 9 июн маҳсуб мешуд.

Андре Кроувел, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Амстердам мегӯяд, Вилдерс нафақат талаби маҳдуд кардани маҷрои муҳоҷират, балки мушкилоти феълии иқтисодиро низ ба нафъи худ хуб истифода бурд ва комёбии Ҳизби озодӣ дар Алмеру Гага ғолибан ба намоиши боз ҳам қавитари тавоноиҳои ин гурӯҳ дар интихоботи моҳи июн мунҷар хоҳад шуд: “Вилдерс ҳамагӣ дар интихоботи ду шаҳре ширкат варзид, ки ба пирӯзии худ итминон дошт. Ин танҳо ба хотири рафтан ба интихоботи 9 июн буд ва ӯ мехост аз ин ду интихоботи маҳаллӣ фақат ҳамчун баранда берун биояд. Ба назари ман, дар интихоботи саросарӣ ӯ муваффақ хоҳад шуд. Ҳизби ӯ шояд ба яке аз бузургтарин ҳизбҳои Ҳоллан табдил биёбад.”

Бурузи ихтилофи назар миёни Ҳизби кор ва Ҷунбиши демократҳои масеҳӣ бар сари масъалаи тамдиди замони ҳузури нирӯҳои Ҳолланд дар Афғонистон ва хуруҷи Ҳизби кор аз эътилофи ҳоким мунҷар ба фурӯпошии ин эътилоф шуд ва роҳро барои интихоботи саросарии бармаҳал ҳамвор кард. Сарвазири феълии Ҳолланд Ян Петер Балкененде гуфт, хуруҷи 1600 сарбози ҳолландӣ, ки дар ҳайъати нирӯҳои НАТО дар вилояти Урузгони Афғонистон адои хидмат мекунанд, ғолибан тибқи барнома, яъне дар моҳи август сурат хоҳад гирифт.

Аммо ба назар мерасад, ки Ҳизби кор низ аз мухолифаташ ба идомаи ҳузури сарбозони ҳолландӣ дар Афғонистон имтиёзҳое ба даст овардааст. Раҳбари ҳизб ва ноиби собиқи сарвазир Воутер Бос ба тарафдоронаш гуфт, ки ҳама мутмаин буданд, ки ҳизби кор мурда ва гӯручӯб шудааст, вале онҳо бо шарофати мубориза, фурӯтанӣ ва ақидаи худ тавонистанд дигарбора ба майдон баргарданд.

Ӯ мегӯяд, “Ҳизби кор имрӯз, бидуни шакк, пешрафтатарин ҳизби Ҳолланд аст. Ин воқеъият ба мо дар мавриди интихоботи 9 июн умеду боварӣ медиҳад”.

Бар асоси назарсанҷиҳо, дар интихоботи 9 июн Ҳизби озодӣ метавонад шумори бештарини курсиҳо – 27 курсӣ аз 150 курсии парлумони Ҳолландро ба даст биорад. Аммо аксари ҳизбҳои чапгаро аз ҳоло мегӯянд, ки бо ҳизби Вилдерс ҳамкорӣ нахоҳанд кард.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳое, ки аҳзоби сиёсии Ҳолланд, аз ҷумла ду ҳизби бузургтаринаш –Ҳизби кор ва Ҷунбиши демократҳои масеҳӣ - дунбол мекунанд, эҳтимоли эҷоди як эътилофи коромад дар парлумони оянда хеле мушкил ва ҳатто баъид ба назар мерасад.

Ҳизби Вилдерс, ҳамин тавр дар моҳи июни соли гузашта дар интихоботи парлумони Аврупо низ баъд аз демократҳои масеҳӣ дар Ҳолланд мақоми дуввумро касб карда буд.

Ҳолланд одатан худро ҳамчун як қаламрави умдаи ҳусни таҳаммул ба намоиш мегузорад, вале маъруфияти афзояндаи Гирт Вилдерс бо тундгӯиҳои батакрораш дар қиболи мусалмонон ин тасвирро хеле хадшадор кардааст.

Мусалмонон дар ҳоли ҳозир чизе дар ҳудуди 6 дарсади ҷамъияти Ҳолландро ташкил медиҳанд, вале Вилдерс ҳузури мусалмононро як таҳдид ба сабки суннатии зиндагии мардуми ин кишвар мешуморад.

Ӯ дар ду соли пеш тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет як филми 17-дақиқагиеро бо номи “Фитна” ба намоиш гузошт, ки ояҳои “Қуръон”-ро бо тасовире аз каллабуриҳову ҳамлаҳои террористони мусалмон ва даъвати рӯҳониён ба ҷиҳод дар як радиф мегузошт ва боиси бурузи эътирозҳои густарда дар ҷаҳони Ислом ва ҳатто маҳкумияти мақомоти дар Афғонистону Эрон ва Индонезияву Покистон шуд.

Соли гузашта ба ин далел, ки сафари ӯ метавонад бурузи хушунатҳоро дар Бритониё таҳрик диҳад, Гирт Вилдерсро аз фурудгоҳи Ҳитрови Лондон пас гардонданд. Вилдерсчанд моҳ дертар, фақат баъди он ки додгоҳ ин қарори мақомоти Бритониёро лағв кард, тавонист аз ин кишвар дидан кунад.

Додгоҳи Ҳолланд феълан дар садади оғози муҳокимаи парвандаест, ки Гирт Вилдерс дар он ба далели бо идеологияи фашизм ва бо китоби “Майн Кампф”-и Адолф Ҳитлер баробар кардани Ислому “Қуръон” ба барангехтани эҳсоси адовати нажодӣ муттаҳам мешавад. Аммо Вилдерс худро дар ин қазия на гунаҳкор, балки танҳо қурбонии “ҳамла ба озодии баён” мехонад.
XS
SM
MD
LG