Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳҳомони "ЮКОС" ҳукумати Русияро ба додгоҳ кашиданд


Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Страсбург имрӯз даъвои саҳҳомони ширкати “ЮКОС” аз болои мақомоти Русияро бозрасӣ мекунад. Саҳҳомон ҳукумати Русияро дар айбдор мекунанд, ки ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсӣ ширкати “ЮКОС”-ро мувоҷеҳ ба шикаст карданд. Онҳо аз Маскав пардохти ҷубронпулӣ ба маблағи сад миллиард долларро талаб доранд.
Раҳбарони пешини “ЮКОС” Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев бо иттиҳоми ҷиноёти молиявӣ 8-солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Айни ҳол додгоҳ парвандаи нави ҷиноии онҳоро тафтиш мекунад - ин дафъа Ходорковский ва Лебедев дар яғмои нафт ва “шустушӯи пул” гумонбар мешаванд.
XS
SM
MD
LG