Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои лағжиши тарма дар Осиёи Марказӣ


Лағжиши тарма дар манотиқи кӯҳии Осиёи Марказӣ мунҷар ба ҳалокати се нафар ва дар инзивоъ қарор гирифтани ҳазорҳо шаҳрвандон гардид. Абдусамад Фаёзов, як масъули вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, ба хабаргузориии Ройтерс гуфт, ки бар асари фуромадани чанд тарма дар як водии воқеъ дар марз бо Чин тақрибан 20 ҳазор нафар дар муҳосира монданд. Ба гуфтаи ӯ, хадамоти вазорат талош доранд, ки роҳ сӯи водиро аз барф пок ва онро боз кунанд ва аммо тармаи нав заҳматҳои онҳоро барбод медиҳад. Ба гуфтаи Фаёзов, тибқи иттилоъи вазорат, бар асари ин офати табиӣ ба касе осеб нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабар дод, ки боло рафтани ҳарорати ҳаво дар Бадахшон дар ин ҳафта боиси лағжиши чанд тарма шуд. Се нафар аз сокинони маҳаллӣ зери тарма мондаанд.
XS
SM
MD
LG