Пайвандҳои дастрасӣ

Қуръакашии Ҷоми раиси АFC-2010 рӯзи 5-уми март, соати 12 бо вақти Душанбе, дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё - шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё - баргузор мешавад.

Дар сабқати интихобӣ, ки аз 6-ум то 16-уми май доир хоҳад шуд, дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Макони баргузории мусобиқа дертар маълум хоҳад шуд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи имсола дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи кишвар, намояндагӣ мекунад.

Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ба ғайр аз «Вахш», дастаҳои «Абахан»-и Бангладеш, «Друкстарс»-и Бутан, «Нагакорп»-и Камбоҷа, «Йоеди»-и Тайван, «Дордой»-и Қирғизистон, «Яданабон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон, «Ринаун»-и Шри-Ланка ва қаҳрамонони футболи Непалу Покистон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG