Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати зойирон дар як маъбади Ҳиндустон


Бар асари фурӯ рехтани дарвозаҳои сангии як ибодатгоҳ дар минтақаи Пратапгарх, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон, дасти кам 60 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҳодиса даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Сабабҳои фурӯ рехтани дарвозаҳои маъбад ҳанӯз рӯшан нест. Ин гуна фоҷиаҳо дар ибодатгоҳҳо серодами Ҳиндустон зиёд рӯх медиҳанд – тайи солҳои ахир дар чунин ҳаводис ба ҳазорҳо зойирон осеб расидааст.
XS
SM
MD
LG