Пайвандҳои дастрасӣ

Бразилия аз таҳримҳо болои Эрон пуштибонӣ намекунад


ИМА ба пуштибонии Бразилия дар роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Эрон муваффақ нашуд. Луис Инасуа Лула да Силва, раисиҷумҳури Бразилия, қабл аз дидору гуфтугӯ бо вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки кишвараш алҳол намехоҳад болои Эрон фишор оварад.
Хонум Клинтон, ки бо як сафари корӣ дар Бразилия қарор дорад, дар мулоқот бо ҳамтои бразилиягияш Селсу Аморим гуфт, ки, аз нигоҳи Вошингтон, Эрон фақат баъд аз эълони таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ ба музокирот оид ба барномаи ҳастаияш розӣ хоҳад шуд. Селсу Аморим, дар навбати худ, гуфт, кишвараш "аз барномаи ҳастаии Эрон нигарон аст ва аммо масъала ин аст, ки кадом роҳи ҳалли ин мушкилро бояд интихоб кард, имконоти музокирот боқӣ мондааст ё на ва таҳримҳо чӣ паёмаде метавонанд дошта бошанд – паёмади мусбат ваё манфӣ”.
XS
SM
MD
LG