Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 30 толиб дар як даргирӣ дар Мӯҳманд


Субҳи имрӯз дар ҷараёни як даргирии миёни низомиёни покистонӣ ва мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” 30 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд. Дар ин задухӯрд дар канори як постгоҳи низомии минтақаи кӯҳии Мӯҳманд, воқеъ дар марзи Афғонистон, ҳамчунин як сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аз ин пеш низомиён хабар дода буданд, ки минтақаи Баҷаур ва атрофи он, аз ҷумла, Мӯҳмандро, комилан аз толибон пок кардаанд. Задухурдҳо дар ин минтақа ду сол боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG