Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири Русия дар додани қарз ба Қирғизистон


Коршиносон бо ишора ба таъхири Русия дар интиқоли қарзи навбатӣ ба Қирғизистон мегӯянд, ин кишвар додани 1 миллиарду 700 миллион доллар воми ваъдагияш ба Қирғизистонро ба таъвиқ андохтааст.

Коршиносони зиёд сабаби таъвиқи пардохти ин миқдор вом барои Қирғизистонро ба чанд омил вобаста медонанд. Аз ҷумла, коршинос Орозбек Молдоалиев тайи як сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ҷои шубҳа нест, ки Русия рӯзе аз пардохти ин вом худдорӣ хоҳад кард. Бино ба суханони оқои Молдоалиев, ҳанӯз зимни раёсати Владимир Путин Русия Тоҷикистонро низ чун Қирғизистон сахт умедвор карда буд, вале аз ӯҳдаи иҷрои ваъдаи худ набаромад.

Ба гуфтаи оқои Молдоалиев, Русия саргарми ҳалли мушкилоти иқтисодии худ аст. Вай гуфт, фалокат дар нерӯгоҳи барқи обии Саяно-Шушенск, ки даҳҳо нафарро ба ҳалокат расонд ва барои Русия мӯҷиби хисороти зиёди молӣ низ гардид, яке аз омилҳои умда дар мавриди ба таъвиқ афтодани пардохти пули ваъдагии Русия ба Қирғизистон мебошад.

Орозбек Молдоалиев мегӯяд, вале барои Русия хоҳиши пардохти 1 миллиарду 700 миллион доллар кайҳо аз байн рафтааст, аз ин лиҳоз ин кишвар баҳонаҳои зиёд меҷӯяд, то ба Қирғизистон ин вом ворид нашавад. Ба ақидаи ин коршиноси қирғиз, Русия ҳамеша бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ба ин ё он кишвар сармоя медиҳад ва Қирғизистон аз ин шумори кишварҳо орӣ нест.

Аммо Александр Князев, мудири бахши бишкекии пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, мегӯяд, ба таъвиқ афтодани интиқоли воме, ки Русия ба Қирғизистон ваъда кардааст, ба далели иҷро нашудани баъзе ӯҳдадориҳо аз ҷониби Қирғизистон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Александр Князев, ҳамзамон Қирғизистон аз давлати Чин даъват кардааст, ки дар иҷрои лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-2 ширкат кунад. Вале оқои Князев ошкор нанамуд, ки ин муроҷиати Қирғизистон ба Чин мавриди эътирози мақомоти Русия шудааст. Ба таъкиди Князев, дар ҳоле ки Қирғизистон аз ташреҳи истифодаи 300 миллион доллари Русия ба иҷрои кадом корҳо комилан худдорӣ меварзад, ин ҳол иштибоҳи Русияро меафзояд. Ба гуфтаи Александ Князев, ин маблағ аз ҳисоби ҳамон ду миллиард доллари ваъдагист, ки Русия барои Қирғизистон ихтисос доданист. Вай тазаккур дод, ки яке аз сабабҳои ба таъвиқ афтодани интиқоли 1 миллиарду 700 миллион доллари боқимонда маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст. Князев гуфт, яъне Қирғизистон бояд дар назди сармоягузорони худ роҷеъ ба корҳое, ки тавассути ин вом анҷом додааст, гузориш диҳад.

Боиси зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта як ҳайати ҳукуматии Қирғизистон таҳти сарпарастии нахуствазири ин кишвар Дониёр Усенов аз Маскав баргашт ва ин гуфтугузорҳои зиёдеро сабаб шуд. Гуфта мешавад, ки вазири барқи Русия Сергей Шматко бо ҳайати Қирғизистон вориди гуфтушунид шуд. Бино ба хабаргузориҳо Владимир Путин ҳамтои қирғизи худро ба ҳузур напазируфт ва бо вай гуфтушунид анҷом надод. Хабаргузориҳо дар пайи он чунин муносибат дар муқобили нахуствазири Қирғизистонро эҳсоси сардӣ дар равобити миёни ду кишвар баррасӣ намудаанд. Вале Дониёр Усенов ин даъвоҳоро беасос номид. Ба гуфтаи нахуствазир ҳайатҳои байниҳукуматии Қирғизистону Русия фақат як рӯз паси мизи музокира нишастанд ва масъалаҳои зиёдро матраҳ ва ҳаллу фасл намуданд. Ба таъкиди оқои Усенов, ҳалли масъалаҳо ба тарзе, ки онҳо дар муддати хеле кӯтоҳ анҷом доданд, фақат дар миёни ҳамкорони стротегӣ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносони қирғиз ҳадс мезананд, ки Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Қамбарота-2» аслан саҳме нахоҳад гирифт. Ба гуфтаи онҳо яке аз омилҳои дигар, ки Қирғизистонро аз 1 миллиарду 700 миллион доллари Русия маҳрум намуд, истиқрори пойгоҳи низомии нерӯҳои эътилофи зидди террор дар майдони ҳавоии «Манас»-и Бишкек аст. Ба гуфтаи коршиносон зеро Қирғизистон дар як вақт гуфтушунидро бо ИМА ва Русия ба роҳ монд ва ахиран аз ин қарзи дарозмуддати Русия маҳрум гардид.
XS
SM
MD
LG