Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи парлумонӣ, нерӯгоҳи Роғун ва сӯҳбати онлайни Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо Радиои Озодӣ мавзӯву матолиби асосии шумораи навбатии ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон мебошанд.

Муаллифи «Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Амонат, ки тибқи мушоҳидаи ман хиёнат шуд» менависад, аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон даҳҳо далел ҳаст, ки ба бовару амонати мардум хиёнат шудааст ва намедонад, ки масъулини қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихобот азоби виҷдон мекашанд ё на. Аммо, менависад муаллиф, ин бор ба ин мардум ва ба занҳои деҳотии дар сардӣ ларзон, мӯйсафедони қоматхамида, наврасони боғурур, ки сари сандуқи раъй бо умед омада буданд, дилам сӯхт. Муаллиф менависад, «ҳайфи умеди ту интихобкунанда! Беҳуда намегӯянд, оянда умед тавлид мекунад, аммо имрӯз онро гӯр хоҳад кард»

Нашрияи «Боргоҳи сухан» дар матлабе таҳти унвони «Бомж ва интихобот» аз қавли як бомж - нафари бекасу кӯй менависад, ки ҳуқуқи овоз додан надорам, ҳавсалаву хоҳиш ҳам. Депутатҳо аз ҳоли одамони «зинда» хабар надоранду, аз ҳоли мани бекасу кӯй аз куҷо хабар доранд?» Ва дар матлаби дигари ин нашрия омадааст, «мо ба кӣ овоз одем, овози мо ба кӣ дода шуд, муҳим нест. Муҳим ин аст, ки аз сари мо – интихобкунандаи бе ин ҳам серкор як кору тараддуде соқит шуд».

«Пайкон» - нашрияи дигар дар матлабе таҳти унвони «Инти» рафту «хоб» - аш монд» сӯҳбатҳои хабарнигоронаш бо масъулини қитъаҳои интихоботиро нашр кардааст. Аз ҷумла, ба суоли хабарнигори нашрия «барои чӣ як намуди бюлетен дар рӯи мизи шумо истодааст?» як раиси қитъа ин гуна посух додааст: «Барои он ки аз эътибор соқит шуд. Чунки хостанд ҳизбҳои нодаркориро хат занад, вай ҳизби даркориро хат задааст. Ин бюллетенҳои ботилшударо акт мекунем. Баъд ба ҳисобот дохил менамоем».

Муаллифи ҳафтаномаи «Азия–плюс» дар бораи нишасти матбуотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистонро, ки 1-уми март баргузор шудааст, «клоунада ё масхарабозии сиёсӣ» номидааст. Муаллиф менависад, ин нишасти матбуотӣ, ки бо изҳороти созмони «За справедливие вибори» -и Украина дар бораи интихоботи парлумонии Тоҷикистон шурӯъ шудааст, суолҳои рӯзноманигоронро бепосух гузоштааст. Дар матлаб омадааст, Сергей Мирзоев, раиси ин созмони украинӣ, мисли раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон сӯҳбат мекард. Дар матлаб вокуниши Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Сергей Мирзоев низ оварда шудааст, ки гуфтааст, «хайрият шумо нозире аз хориҷ ҳастед. Агар додситони кулли Тоҷикистон мебудед, ин ширкати охирини мо дар интихобот мебуд».

Ин ҳама қатрае аз баҳри матолиби нашрияҳои Тоҷикистон дар бораи интихобот буд. Ва як матлаби дигар аз «Озодагон», ки Фантастика унвон дорад. Дар матлаб омадааст, барномаи коҳиши фақр, ки дар МН Тоҷикистон қабул шудааст, ҳадафи дастнорас аст. Муаллиф навиштааст, бар асоси он то 2 соли дигар мизони камбизоатӣ бояд 41 дарсад, яъне аз 53 дарсади феълӣ ба 40 дарсад коҳиш ёбад, аммо дар шароите, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, иҷрои ин барнома душвор аст, зеро парлумон барои иҷрои он 5,3 миллиард доллар пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG