Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 20 зина боло шуд ва дар ҷои 128-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни 15 ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ як зина боло - 13-ум шуд. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ як зина боло баромад (ҷои 12-ум). Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 24-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 47. Латвия (49-ум буд). 60. Литва (62). 75. Узбакистон (75). 79. Беларус (80). 97. Эстония (104). 100. Молдова (96). 103. Арманистон (102). 109. Озарбойҷон (114). 124. Гурҷистон (122). 127. Қазоқистон (123). 128. Тоҷикистон (148). 130. Туркманистон (134). 161. Қирғизистон (158).

Дастаи миллии Испания (қаҳрамони Аврупо-2008) дар феҳристи FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Бразилия ҷои дуввумро касб кардааст. Ҳуланд дар ҷои севум мебошад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Олмон, Португол, Фаронса, Инглистон, Аргентина ва Юнон ҷойгиранд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 23-юм). 2.Ҷопон (46). 3.Кореяи Ҷанубӣ (53). 4.Арабистони Саудӣ (57). 5.Баҳрайн (63). 6.Эрон (67). 7. Узбакистон (75). 8.Чин (83). 9.Ироқ (87). 10.Кувайт (88).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 118-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG