Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон хабари марзбонони Ӯзбекистонро рад кард


Раёсати умумии нируҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабари боздошти 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи марзбонони Ӯзбекистонро рад кард. Дар хабарҳои як рӯзи пеш омада буд, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби марзшиканӣ дар минтақаи Бекободи Ӯзбекистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Раззоқ Шоимардонов-сухангӯи Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ба хабаргузории РИА Новости иттилоъ дода буд. Аммо Хушнуд Раҳматуллоев-сухангӯи нируҳои марзбонии Тоҷикистон ин хабари ҷониби Ӯзбекистонро рад кард ва гуфт, ки он ба воқеият дуруст намеояд. Вале вай гуфт, ки дар як маврид муқаррароти марзӣ риоят нашудааст, яъне дар ҷараёни як амалиёт кормандони хадамоти вижаи Ӯзбекистон 7 шаҳрванди Тоҷикистонро дар бозоре боздошт кардаанд, ки мӯҳлати раводид ё визаи 5-рӯзаи онҳо ба поён расидааст. Онҳо шаҳврвандони наздимарзии Тоҷикистон будаанд. Ин боздоштшудагон дар зарфи 3 рӯз ба ҷониби Тоҷикистон баргардонида мешаванд.
XS
SM
MD
LG