Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллен: Нигарониҳо аз Эрон бештар мешавад


Дарёсолор Майк Муллен-фармондеҳи аршади Амрико гуфтааст, ҷоҳталабиҳои ҳвастаии Эрон "нигарониҳои фавқулодда ва рӯзафзун" ба бор меорад. Майк Муллен раиси фармодеҳии ситоди муштараки Амрико мегӯяд, "дар марҳалаи кунунӣ амалиёти низомӣ роҳи ҳали масъала нест". Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ройтерз навиштааст, кишварҳои бузурги ғарбӣ бар зидди Эрон пешниҳодҳои худро пахш мекунанд. Дирӯз хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ба бовари вай, Эрон танҳо дар сурате ба музокира розӣ хоҳад шуд, ки агар таҳримҳои ҷадид бар зидди вай ҷорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG