Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тимошенко райи адами эътимод гирифт


Дирӯз дар порламони Украина райи адами эътимод ба ҳукумати нахуствазири Юлия Тимошенко ба тасвиб расид. Володимир Литвин-раиси порламон натиҷаҳои райи 450 намояндаи порламонро эълон кард. Райи адами эътимод ба пешниҳоди Ҳизби Минтақаҳои Виктор Янукович-раиси ҷумҳур сурат гирифт. Акнун ин ҳизб дар зарфи як моҳи оянда бояд эътилофи нав ташкил диҳад. Агар чунин кор муйяссар нашавад, дар он сурат Янукович порламонро пароканда ва интихоботи нави порламонӣ эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG