Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон занони фаъол тазоҳурот мекунанд


Дар Қирғизистон занони фаъоли ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки онҳо омодаанд дар Рӯзи байналмиллалии занон дар Бишкек тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кунанд. Созмондиҳандагони ин тазоҳурот ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтаанд, ки занон дар Бишкек дар пояи муҷассамаи Уркия Солиева-яке аз занони фаъол ва куммунисти солҳои 1920-ӯм гирдиҳам хоҳанд омад. Онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд таваҷҷуҳро ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ба сиёсати гендерии ҳукумати Қирғизистон ва ба хушунати хонаводаӣ бар зидди занон дар ин кишвар ҷалб кунанд.
XS
SM
MD
LG