Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифони Гурҷистон дар Маскав


Боздиди Нино Бурҷанадзе-раҳбари ҳизби Гурҷистони Воҳид ва ҷунбиши демократии ин кишвар, ки ҷунбиши мухолифони давлати Гурҷистон ба шумор меравад, аз Маскав идома дорад. Вай дирӯз вориди Маскав шуд. Бурҷанадзе, ки дар гузашта раиси порламони Гурҷистон буд, нагуфтааст, ки дар Маскав бо кадом мақомоти раҳбарии Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Бурҷанадзе дар фурудгоҳи Тифлис ба рӯзноманигорон гуфт, ки вай машғули "сиёсатҳои бузург" аст ва афзуд, ки бо чунин гуфтаҳо вай инқилобро дар назар дорад. Вай дар бораи ин боздидаш ба радиои Озодӣ гуфт:

"Ин даъват аз ҷониби ҳукумати Русия аст, аз ҷониби ниҳодҳои раҳбарии Русия. Ман фикр мекунам, ки ман бо тасмими худ дар бораи боздид аз Маскав қадами хеле дуруст бармедорам, зеро ман фикр мекунам, ки ин барои раҳоӣ аз вазъи номаълуми муносиботи Русияву Гурҷистон усулан дуруст аст".

Бурҷанадзе қаблан гуфта буд, ки дар Гурҷистон аз роҳи интихобот тағир додани раҳбарият имкон надорад ва Михаил Саакашвилиро бояд ба истеъфо маҷбур кард ва баъд бояд интихобот баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG