Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон посгоҳи марзӣ бо Қирғизистонро баст


Чолпонбек Турусбеков-муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки посгоҳи марзии Қаросуи миёни Қирғизистону Ӯзбекистон баста шудааст. Ба гуфтаи вай, Ӯзбекистон 1-ӯми март дар ин бора ба таври якҷониба тасмим гирифтааст. Моҳи гузашта ҷониби Ӯзбекистон барои он гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистон, ки мунтазам бо Ӯзбекистон рафту омад доранд, маҳдудияти нав ҷорӣ кард. Акнун тибқи ин муқаррарот як шаҳрванд дар 3 моҳ як бор ҳақ дорад ба Ӯзбекистон равад.
XS
SM
MD
LG