Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси Кумитаи олимпии Русия


Раиси Кумитаи миллии олимпии Русия Леонид Тягачёв дар пайи нокомии тими ин кишвар дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада истеъфо дод. Сухангӯи ин ниҳод гуфтааст, ки Тягачёв ба аризаи истеъфояш имзо гузошт.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи душанбе аз масъулини риштаи варзишҳои зимистона даъват кард, дар пайи нокомии тими миллӣ дар Ванкувер худ истеъфо диҳанд.
Русия бо касби ҳамагӣ 3 нишони тило ва дар маҷмӯъ 15 медал дар Ванкувер ҳамагӣ мақоми 11-умро ишғол кард.
XS
SM
MD
LG