Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифини гурҷӣ ба Маскав рафт


Раҳбари мухолифини гурҷӣ Нино Бурҷанадзе ба хотири мулоқот бо мақомоти Русия вориди Маскав шуд.
Қабл аз тарки Тифлис хонум Бурҷанадзе гуфт, ки сафари ӯ бо даъвати давлати Русия ва ниҳодҳои раҳбарии он кишвар сурат мегирад. Аммо ӯ нагуфт, ки мушаххасан бо кадоме аз раҳбарони Русия мулоқот хоҳад кард.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Маскав бо раисиҷумҳури феълии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ баъд аз ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 бар сари Осетияи ҷанубӣ ба хусумати ошкоро печидааст.
Нино Бурҷанадзе дар рӯзҳои инқилоби садбаргии тирамоҳи соли 2003 аз ёрони наздики Саакашвилӣ буд ва дар аҳди ӯ тайи чандин сол раҳбарии парлумонро бар ӯҳда дошт. Вале баъди рафтанаш аз ин мақом Бурҷанадзе ба мухолифин пайваст.
XS
SM
MD
LG