Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Ходорковский аз низоми адлияи Русия


Сармоядори зиндонии рус Михаил Ходорковский дар матлабе дар рӯзномаи “Независимая газета”, чопи Маскав, низоми адлияи Русияро “як навъи қонунишудаи хушунат” номид.
Раҳбари собиқи ширкати нафтии ҳамакнун азбайнрафтаи “Юкос” соли ҳафтум аст, ки бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти молиёт инак дар маҳбас ба сар мебарад. Ходорковский аммо ин иттиҳомотро радд мекунад.
Нашри мақолаи ӯ дар арафаи моғози мурофиаи парвандаи “Юкос” дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупост. Вакилони ширкат мехоҳанд дар ин додгоҳ собит кунанд, ки “Юкос” бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз байн бурда шуд.
XS
SM
MD
LG