Пайвандҳои дастрасӣ

Қаблан мешунидам, ки дар Файзобод ва Ваҳдат деҳаҳое ҳастанд, ки духтарон то синфи севвум ва ё нуҳум мехонанду халос. Духтарон асосан зудтар ба шавҳар дода мешаванд. Ва онҳо рисолати зании худро танҳо дар хонадорӣ ва таваллуди чанд фарзанд медонанд.

Аммо ин ҳолат барои ман чандон боварибахш набуд. Аммо имрӯз аз гуфтаҳои дигарон бештар иттилоъ гирифтам. Аниқтараш аз наздик дидам. Рӯзи интихобот дар Файзобод тасодуфан афтодам. Дар деҳае, ки ман меҳмон будам, барф аз як метр зиёд борида буд. Ва соати 10.20 дақиқаи шаб, ки ман ба Мискинобод расидам, барф ҳамаро рушанӣ мебахшид ва барф ҳамоно меборид.

Ман чунин барфи зиёдро дар силсилакӯҳҳои Албурзкӯҳи Эрон соли 2008 дида будам, ва маротибаи дувум дар деҳаҳои Элок, Мискинобод, Қасамобод, Муъминобод, хуллас чандин деҳаҳои дурдасти Файзобод. Дар рӯзи интихоботи парлумонӣ. Интихоботе ки раиси ҷумҳураш ба қалби мардум ва ширкаткунандагони он ваъда дода буд, ки он шафоф ва одилона сурат мегирад. Дар зеҳни ман тасавуре пайдо шуд, ки шояд сафедии барфи зиёд, сафедии интихобот аст, аммо ...

Дар ин деҳаҳои барфин ва мардуми шарифи он мо бо ҳам интихоботро гузаронидем. Аз субҳи содиқ мардум, аниқтараш мардон ба овоздиҳӣ меомаданд. Қитъае ки ман барои боздид ва мушоҳида рафтам, аз ваҷоҳати шиносоии ман тартиби интихобот одилона, воқеан шафоф мегузашт.

Мардон дар дасташон даъватномаҳои раъйдиҳӣ, ки асосан аз як пора варақи дафтар иборат буд, яъне исми интихобкунандагони хонаводаашон барои раъйдиҳӣ меомаданд. Аммо нозирон сади роҳи ин тасмимҳо шуданд. Ва муйсафедони нуронӣ ноилоҷ ба ҷойи худ раъй медоданд ва варақаҳои дигариро бо худ пас мебурданд. Ва соат аз 10-и рӯз гузашта буд, ки хонумҳо ҳам бо сару рӯи баста ба раъйдиҳӣ меомаданд. Маълум буд, ки мардон ноилоҷ онҳоро барои раъй додан фиристоданд.

Хонумҳо тавакали назди мизи бақайдгирӣ ва баргагирӣ меомаданд.
Ҳатто рақами даъватномаи худро хато мегуфтанд. Вақте ба онҳо баргаҳои раъй дода мешуд, аз аъзои комиссия мегуфтанд,ки «инҳоро чи кор кунем».

Баъди фаҳмонидани масъулини ҳавза, занҳо тарафи хонаҳои раъйдиҳи мерафтанд. Ва бозпас сарашоноро аз паси пардаи ҳуҷраи раъйдиҳӣ бароварда, аз мардон «имдод» мепурсиданд: «Чи хели хат бнавесем, хата чи хели менависанд, кадомша хат занем, ҳамаша хат бзанем...». Аз ин фурсати муносиб раисони қитъаҳои овоздиҳӣ истифода бурда, сари худро ба парда ворид мекарданд ва бо ангуштонашон болои варақаи раъйдиҳӣ нишон медоданд, ки ин номзад ва ин ҳизбро мон, боқимондаашро хат занед.

Яъне кӯмак хостани занҳои ноогоҳ аз масъулини қитъаҳои интихоботӣ, шонси истифодаи раъйи онҳо ба номзад ва ҳизби худӣ буд. Вале аламовар ин аст,ки бо вуҷуди дар асри бисту як зиндагӣ карданд ва модари чанд фарзанд шудан, модари рустоии тоҷик намедонад, ки чи тавр раъй диҳад. Маънии хат заданро намедонад. Ва мегӯяд, ки «хат задан»-ро чӣ тавр нависад. Дар зеҳни ман суоле пайдо шуд, ки дар ҳоле, ки модарон тарбиятгарони насли нав, ҳақи худро намешиносанд, оддитарин усули раъй доданро сарфаҳм намераванд, пас бо кадом аломат мешавад, гуфт ки ҷомеаи мо ба марҳилаи рушд расидааст.

Баъди раъй додан бо онҳо сӯҳбат кардам. Аксарияти онҳо занҳои ҷавон буданд. Бароям маълум шуд, ки онҳо то синфи чаҳорум дар мактаб хондаанду халос. Вақте аз онҳо пурсидам, ки чаро то синфи чаҳорум мехонед, гуфтанд ки хонаводаашон ба онҳо чунин тасмимро муқарар мекунанд.

Ҳатто аз деҳаи Элок ҳамагӣ ду нафари духтар донишҷӯ будааст. Аъзои комиссия ягон нафар зан нест. Ин аст ноогоҳӣ, беҳуқуқӣ, ношинохтӣ, занҳои рустоӣ. Шояд ин занон медонистанд, ки донистани фарҳанги интихобот ҳам чандон муҳим нест, зеро раъйи онҳоро масъулин ба инобат намегиранд ва раъйи додаи онҳо як «намоиш»-и кишвари вуҷудошта дар Осиёи Марказӣ аст. Ва раъй қаблан муқарар ва ҳадя шудааст. Агар ин бошад, ин занҳо бо ноогоҳи сиёсӣ ва ношинохтии ҳақи хеш, асрори саҳнаи сиёҳи сиёсатро медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG