Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати тоҷирони бузурги Амрико аз Конгресс


Раҳбарони ширкатҳои бузурги тиҷории Амрико аз Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресс даъват кардаанд, қатли омми арманиҳо дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳон бо дасти нирӯҳои Туркияро геносид, ё худ наслкушӣ эътироф накунад.
Раҳбарони ширкатҳои тиҷории фаъол дар соҳоти кайҳоншиносиву дифоъии Амрико ҳушдор додаанд, ки ин иқдоми кумитаи равобити хориҷӣ равобити Амрикоро бо Туркия ба ҳам зада, майдони корро барои амрикоиҳо метавонад танг кунад.
Туркия рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки тасвиби ин қарор аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба равобити Туркия бо Амрико латма хоҳад зад. Туркия қатли арманиҳо дар солҳои ҷанги аввали ҷаҳонро ҳамчун “наслкушӣ” эътироф намекунад ва алайҳи ҳар кишваре, ки дар ин самт иқдом кунад, бо ҳассосият вокуниш нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG