Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон барномаи мубориза бо бӯҳронро эълон кард


Давлати Юнон имрӯз эълон кард, ки ба хотири рафъи бӯҳрони молӣ пардохти пули нафақаро тавқиф ва маоши кормандони давлатиро кам мекунад ва ҳамчунин молиёти маводи сӯхту сигору тамоку ва машруботро боло хоҳад бурд.
Ҷамъи ҳазинаи ин барнома 4,8 миллиард евро, ё қариб 6,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Қарзи Юнон ба 300 миллиард евро ва касри будҷааш ба 13 дарсад наздик шудааст.
Сарвазири Юнон Георге Папандреу гуфт, кишвараш дар роҳи рафъи бӯҳрон чашм ба роҳи ҳусни якдилии Аврупост. Аммо ИА гуфтааст, Юнон бояд дар ин мавзӯъ рӯи худаш ҳисоб кунад.
XS
SM
MD
LG