Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Януоквич, президенти тозаинтихоб шудаи Украина, ба воситаи овоздиҳӣ дар порлумон рақибаш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, сарвазири ин кишвар, Юлия Тимошенкоро барканор намуд.

Рӯзи чоршанбе Виктор Януоквич, президенти тозаинтихоб шудаи Украина, яке аз иқдомҳои муҳимтарин барои тасарруфи қудратро пиёда намуда, ба воситаи овоздиҳӣ дар парламент рақибаш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенкоро барканор намуд. Вале Тимошенко тасмим гирифтааст, муборизаро идома дода, дар муқобили Януковичи рӯ ба Маскав як эътилофи нерӯманд ташкил кунад.

Қаҳрамони инқилоби норанҷӣ, ки дар интихоботи президентии Украина ноком шуда буд, рӯзи чоршанбе аз курсии сарвазир ҳам маҳрум гашт.

Аз миёни 450 вакили парламенти Украина 240 нафар ва аз ҷумла 7 узви эътилофи зери раҳбарии Тимошенко ба тарафдорӣ аз барканоршавии ӯ раъй доданд.

Дар арафаи овоздиҳӣ Тимошенко ба вакилон ваъда дод, ки агар раъй адами эътимод гирад, фавран аз ҳукумат хориҷ шуда, дар паи ташкили эътилофи мухолифин хоҳад шуд: "Нерӯи сиёсии мо ба мухолифат мегузарад ва мо як дастаи воҳиди нерӯҳои демократиро таъсис медиҳем."

Аммо пеш аз суханронии Тимошенко яке аз раҳбарони эътилофи Янукович Микола Азаров масъалаи истеъфои Тимошенкоро дар миён гузошта буд. Ӯ гуфт: " Соли гузашта ҳукумат дар муқобили бӯҳрон кореро анҷом надод. Ҳукумат захираҳои дохилиро фурӯхта, қарзи кишварро боло бурд. Ҳукумат комилан омодагӣ ба ояндаро нодида гирифт".

Аммо Тимошенко танқидро рад кард ва гуфт, сиёсати ӯ истиқлолу соҳибихтиёрии кишварро ҳифз намуда, аз фурӯпошии молии Украина ҷилавгирӣ кард.

Дар ҳар сурат президент Янукович барои ташкили эътилофи ҳоким 30 рӯз вақт дорад. Сипас ӯ метавонад парламентро пароканда намуда, замони интихоботи нави парламентиро мушаххас кунад.

Эътилофи зери раҳбарии Тимошенко рӯзи дуюми март фурӯ рехт. Аснои баҳс дар паралдмент Тимошенко натавонист собит намояд, ки ҳанӯз ҳам аксарияти вакилон аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Тимошенко мегӯяд, ки Янукович ба воситаи пора вакилони мардумии ҳизби Тимошенкоро ба тарафи худ кашидааст.
Ҳоло пешбинӣ мешавад, ки Янукович тамоми дастовардҳои инқилоби норанҷиро маҳв намуда, Украинаро ба минтақаи рӯ ба Маскав табдил диҳад.

Янукович рӯзи ҷумъа озими Маскав хоҳад шуд. Коршиносони маҳаллӣ тахмин мекунанд, ки президенти нави Украина собиқ раиси бонки миллии ин кишвар Серҳей Тиҳипко ва ё собиқ вазири умури хориҷӣ Срсений Ятсенюкро ба мансаби сарвазири кишвар пешбарӣ хоҳад кард. Ҳар ду сиёсатмадори марказгаро моҳи январи соли равон дар даври аввали сабқати раёсатҷумҳурӣ иштирок карда буданд.

Аз вазифаҳои муҳимтарини Янукович дар арсаи байналмилалӣ оғози дубораи музокирот бо Сандуқи Байналмилалии Пул ёдшудааст. Соли гузашта мамӯи тавлидоти Украина 15 дар сад коҳиӯш ёфт ва дар паи он Сандуқи Байналмилалии Пул тақдими қарзи баробар ба 16, 4 миллиард долларро ба таъхир гузошт.

Аслан интихоботи президентии Украина тақсими ин кишварро нишон дод. Шарқи рӯ ба Маскав, ки ба забони русӣ ҳарф мезанад, аз Янукович пуштъибонӣ кард. Аммо ғарби Украина, ки бештар ба Аврупо майл дорад, аз Тимошенко дастгирӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG