Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши филмҳои синамогарони Осиёи Марказӣ


Ишқу муҳаббати самимӣ ва беолоиш болотар аз ҳама гуна марз ва фосилаи таърихӣ аст. Чунин аст, мӯҳтавои филми коргардони қирғиз бо номи «Қуллаҳои сафед», ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хорӯғ намоиш дода шуд.

Ба гуфтаи Саидшо Мирзоев, масъули Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, аз моҳи март то июни соли ҷорӣ дар толори донишгоҳ беш аз 70 филми коргардонҳои тоҷику қирғиз ва қазоқу туркман ва узбак манзури тамошогарон мегарданд.

Танзимгари барнома изҳор дошт, ки дар филмҳо ҳаёти ду давраи халқҳои Осиёи Марказӣ - солҳои пеш ва пас аз истиқлолияти ин кишварҳо инъикос ёфтаанд. Дастандаркорони намоиш бар ин назар ҳастанд, ки силсилафилмҳо дар тарбияи фарҳангии ҷавонон ва ошноии онҳо бо анъанаи мардуми ҳамсоякишварҳо кумак мекунад.

Тоҷикистонро дар ин силсиланамоиш филмҳои коргадонҳо Пӯлод Аҳмадов, Бақо Содиқов, Бахтиёр Худоназаров, Далер Раҳматов, Сафарбек Солиев, Орзу Шарипов, Майрам Юсупова ва Георгий Дзалаев номояндагӣ мекунанд.

Агар филмҳои «Қатораи нахустин» ва «Ҳасани Аробакаш» ҳаёти мардуми тоҷикро дар даврони пас аз Инқилоб дар назари тамошобин ҷилвагар созанд, «Қош ба Қош»-и Бахтиёр Худоназаров ва «11000 километр аз Ню Йорк »-и Орзу Шарипов даврони истиқлолиятро бозгӯ мекунанд.

Сурайё Отамшоева, як муҳассили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар коҳиши равобит миёни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ намоиши филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро василаи муассири ҳамгироии фарҳангӣ мешуморад.

Силсилафилмҳои «Ду давр» бо ташаббуси Бунёди ҷамъиятии «Маркази кинематографияи Осиёи Марказӣ» ва кумаки молии Бунёди Сорос мураттаб гардида, ҳамаи филмҳо бо сатрҳои равон ва тарҷумаҳои англисӣ ва русӣ намоиш дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG