Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Теҳрон


Муштзани маъруф Меҳроҷиддин Каримов низ дар сабқати Теҳрон ширкат дорад
Муштзани маъруф Меҳроҷиддин Каримов низ дар сабқати Теҳрон ширкат дорад

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс байни ҷавонон, ки 3-юми март дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Қаюмҷон Норов, муовини мудири мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббии варзида Абдурашид Маҳмадҷонов 6 нафар муштзанҳои ҷавону моҳири ин мактаб шомиланд. Юсуфи Сафовуддин дар вазни то 48 кг, Абдурашид Нӯъмонов дар вазни то 57 кг, Фаррух Каримов дар вазни то 64 кг, Мирзомуҳаммади Бахтиёр дар вазни то 69 кг, Сайидо Самадов дар вазни то 75 кг ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг қувваозмоӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Қаюмҷон Норов варзишгарони ҷавони тоҷик дар сабқати қитъавӣ, ки то рӯзи 13-уми март идома хоҳад кард, барои гирифтани роҳхатҳо ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG