Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нусратуло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, додгоҳҳои ҷумҳурӣ то кунун 35 парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба интихоботро баррасӣ намуданд.

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ аз ҷумла 19 маврид шикоят дар вилояти Суғд, 11 шикоят дар шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, 4 шикоят дар Хатлон ва 1 шикоят дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Аз ҷумла 2 шикояти ҲХДТ, 1 шикояти ҲК, 10 шикояти ҲНИТ ва 22 маврид шикояти номзадҳои инфиродӣ ва ғайриҳизбӣ баррасӣ шудааст.

Гуфтанист, дар аксари маврид шикояти аҳзоб ва ё шахсони худпешбарӣ рад аз сӯи додгоҳҳо рад шудааст.

Аз ҷумла, 1 шикояти Ҳизби коммунист ва 10 шикояте, ки аз бахшҳои шаҳру навоҳии Ҳизби наҳзати исломӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст, ҳамагӣ рад шуданд.

Оқои Абдуллоев афзуд: «аризаи Матлуб Халифаев (аз ҳавзаи Панҷакент) бо сабаби риоя накардани талаботи модаи 9, ки маблағҳои дигарро ба истиснои маблағи хазинаи номзад ба вакили барои гузаронидани корҳои ташвиқотии пешазинтихоботи истифода кардааст, рад шуд. Шикояти Шариф Сафаров аъзои ҲКТ (аз ҳавзаи Кӯлоб) бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба истеҳсолоти додгоҳ, қатъ карда шуд. Ва 10 шикояти аз шӯъбаҳои шаҳру навоҳии Ҳизби наҳзати Исломи ба додгоҳҳои минтақаҳо ворид шуда ҳам рад карда шуданд.»

Дар ин нишаст, номзадҳо дар интихоботи парлумонӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ низ иштирок доштанд, ки дар даст санадҳои вайрон кардани қонун дар рафти интихоботро доштанд ва барасии мунфисонаи ин санадҳоро аз раиси Додгоҳои олӣ тақозо мекарданд.

Шамсиддин Саидов, намояндаи ҲНИТ гуфт, ки феълан 1000 санади вайрон кардани қонунро дар рафти интихобот ҲНИТ дар ихтиёр дорад ва иддае аз онҳоро ба додгоҳҳо пешниҳод кардааст, вале то ба ҳанӯз ягон даъвои онҳо дар додгоҳҳо ба манфиати ҳизб ҳал нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG