Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо куштаву захмӣ дар ҳамлаҳои Бақуба


Имрӯз бар асари таркишҳои интиҳорӣ дар шаҳри Бақубаи Ироқ даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ин ҳамалот дар ҳолест, ки Ироқ дар пешорӯи интихоботи парлумонии рӯзи 7 март ба авҷи нави хушунатҳо рӯбарӯ шудааст. Ин дуввумин интихоботи парлумонӣ дар Ироқ дар пайи вуруди нирӯҳои хориҷӣ ва суқути давлати Саддом Ҳусейн дар соли 2003 мебошад.
Пулис мегӯяд, ҳамлаҳо дар Бақуба қароргоҳи пулис ва як муассисаи давлатиро ба ҳадаф дошт ва дастикам 29 нафарро кушта ва беш аз 40 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Таркиши севвуми интиҳорӣ дар бемористон замоне рух дод, ки мошинҳои ҳомили захмиён вориди ин бино мешуд.
XS
SM
MD
LG