Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ шумориши дубораи ороро талаб гузошт


Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) шумориши дубораи орои интихоботи парлумонии рӯзи 28 февралро талаб кард. Раиси ҷиноҳи расмии ҲДТ Масъуд Собиров имрӯз гуфт, таҳлилу ҳисобҳои анҷомдодаи онҳо ҳокист, ки ҳизби ӯ дар интихобот орои бамаротиб бештар аз он 0,84 дарсадеро, ки Куммиссиюни марказии интихобот эълон кардааст, ба даст оварда буд.
Масъуд Собиров қасди шикоят бурдан аз натоиҷи интихоботро кори беҳуда хонд, вале ба хотири маълум кардани мизони тақаллуб хостори баргузории интихоботи дигарбора дар 4 ило 5 ҳавзаи мунтахаб шуд.
XS
SM
MD
LG