Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 миллион доллар кӯмаки Амрико ба Тоҷикистон


Амрико дар чаҳорчӯби барномаи “Hope” (“Умед”) ба бемористони амрози сироятии шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 1 миллион доллар кӯмаки башарӣ медиҳад.
Намояндаи барномаи “Hope” Ирина Овезова гуфтааст, ки бахши аъзами ин кӯмак иборат аз давои Пегинтрон аст, ки барои табобати афроди гирифтор ба гепатити С истифода мешавад.
Амрико бори аввал ду сол пеш ба тақрибан 400 нафари мубтало ба ин навъи гепатит дар Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз карда буд. Намояндаи барномаи “Норе” гуфт, ду ҳафта пеш як ҳавопаймои “Боинг”, ҳомили кӯмакҳои тиббии Амрико ба маблағи 10,5 миллион доллар, ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ирина Овезова гуфт, ин кӯмак дар миёни бемористонҳои мухталиф тақсим хоҳад шуд. Барномаи “Норе” тайи 7 соли фаъолияташ ба маблағи 180 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак расондааст.
XS
SM
MD
LG