Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби демократии Тоҷикистон натоиҷи интихоботро қабул надорад ва аз Камисюни марказии интихобот бозшумории орои интихобкунандагонро тақозо кардааст.

Масъуди Собиров, раиси Ҳизби демократ, дар як нишасти хабарӣ натоиҷи интихоботро ғайривоқеӣ номида, гуфт, «мушоҳидаҳо дар рафти раъйдиҳӣ далели он аст, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон шумори ба маротиб бештари овозҳои мардумро соҳиб шудааст».

Вай пешниҳод кард, ки интихоботи порлумонӣ дубора ва бо ширкати фаъоли намояндагони аҳзоб дар камисюнҳо баргузор шавад.

Раиси Ҳизби демократ гуфт, дар сурати мавриди назар қарор нагирифтани тақозои онҳо, Ҳизби демократии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиро тарк хоҳад кард.

Ин дуввумин ҳизби сиёсист, ки дар эътироз ба натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ таҳдиди хориҷ шудан аз Шӯрои ҷамъиятиро мекунад.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ имрӯз эълон кард, ки ин ҳизб аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG