Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кунд шудани фурӯши саҳмияҳои Роғун


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози фурӯши маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун беш аз 755 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 174 миллион доллар ба даст омадааст. Ин маърака рӯзи 6 январ оғоз ёфт ва алакай то поёни моҳи январ ҳудуди 700 миллион сомонӣ ҷамъ омад. Аммо дар моҳи феврал ҷараёни ҷамъоварии маболиғ барои сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим бамаротиб кунд шуд ва тайи як моҳи охир аз фурӯши саҳмияҳои Роғун чизе дар ҳудуди 63 миллион доллар ба даст омадааст, ки назар ба моҳи январ 12 маротиба камтар аст.
Ҳазинаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG