Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҲНИТ ба хуруҷ аз Шӯрои ҷамъиятӣ


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи чоршанбе дар пайи нишасти машваратии фаъолони ин ташаккули умдаи мухолифин эълон кард, ки дар ғайри сурати баргузории интихоботи ҷадид аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ хоҳад шуд. Раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ эҳтимоли даст ба навъҳои дигари эътироз задани тарафдоронашро низ сарфи назар накард. Тибқи натоиҷи эълоншуда, ҲНИТ дар интихобот 7,72 дарсад раъй ба даст овардааст, вале оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ки бахши бузурги орои бадастовадаи онҳоро “рабудаанд.”
Муҳиддини Кабирӣ дирӯз интихоботи парлумонии рӯзи 28 февралро “золимона” номид.
XS
SM
MD
LG