Пайвандҳои дастрасӣ

45 курсии ҳизби ҳоким дар парлумони оянда


Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асоси натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврал ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ 45 курсӣ аз 63 курсии ҳайъати парлумони ояндаро соҳиб шудааст. Тибқи ин натоиҷ, аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ низ дар Маҷлиси намояндагон ҳар кадом дувакилӣ хоҳанд дошт. 9 вакили маҷлиси оянда ғайриҳизбӣ буда, исми узви охирини парлумон рӯзи 14 март дар даври дуввуми раъйгирӣ дар ҳавзаи Конибодом маълум хоҳад шуд. Дар ин ҳавза ба даври дуввум номзади ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва номзади ҳизби ҳоким Насруллоҳ Маҳмудов роҳ ёфтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG