Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон кард, ки дар эътироз ба натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, ки 28-уми феврал доир шуд, аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ хоҳад шуд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар нишасти машваратии фаъолони ҳизб, ки дар робита ба натоиҷи интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ин тасмимро эълон кард.

Муҳиддин Кабирӣ интихоботи рӯзи якшанбеи порлумониро қаблан «интихоботи золимона» ва «ношаффофу ғайридемократӣ» унвон карда буд.

Бино ба маълумоти аввалияи КМИР, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии кишвар бештар аз 7 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст.

Вале Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки ҲНИТ дар интихобот бештар аз 30 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Тафсилот дар ҳоли нашр аст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG