Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин кӯшиши баргузории exit poll ё назарпурсии баъд аз раъйдиҳӣ дар интихоботи Тоҷикистон бо нокомӣ анҷом ёфтааст.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, аз масъулони баргузории exit poll дар интихоботи парлумонӣ мегӯяд, қарор буд дар чаҳор ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе пурсиши баъд аз раъйдиҳӣ гузаронида шавад, аммо натавонистаанд ризоияти раҳбарони ҳавзаҳоро ба даст оранд.

Вай гуфт, «дар қонунгузории ҷаҳону Тоҷикистон омадааст, ки он чӣ ки қонун манъ накардааст, онро гузарондан мумкин аст. Мо аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иҷозат гирифта, ба ҳавзаҳо рафтем. Фақат ҳавзаи ноҳияи Шоҳмансур розӣ шуд»

Оқои Муҳаммадазимов афзуд, раисони ҳавзаҳои шаҳри Душанбе бо вуҷуди пешниҳоди иҷозаи расмии Кумиссиюни марказии интихобот, ризоият надодаанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ

Exit poll як навъи таҳқиқи сотсиологӣ ва калимаи инглисист. Exit – баромад аст ва poll – пурсиш. Яъне exit poll пурсиши интихобкунандагон аст, ки нав аз раъйдиҳӣ хориҷ шудаанд.

Аввалин маротиба exit poll дар Амрико соли 1967 таҷриба шуда, ҳоло дар тамоми дунё аз он кор мегиранд. Афроди масъули баргузории exit poll аз интихобкунандагон мепурсанд, ки ба кадом ҳизб ё номзад дар интихоботи парлумонӣ ё раёсатиҷумҳурӣ раъй додаанд. Натиҷаҳо соати 8 то 9 қабл аз эълони натиҷаҳои расмии интихобот нашр мешаванд.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, умдатан пурсишҳои баъд аз раъйдиҳӣ аз натиҷаҳои расмии интихоботҳо ду ё се дарсад фарқ мекунанд, аз ин хотир, дар ҷомеаҳои демократӣ ҳатто аз рӯи exit poll натиҷаҳои интихоботҳо маълум мешаванд.

Аммо чаро дар Тоҷикистон кор гирифтан аз чунин таҷрибаро зарур надонистанд?

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, ин тарҳро намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард ва шояд раҳбарони ҳавзаҳо моҳияти ин навовариро дарк накарданд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот, ки дар оғоз ба баргузории exit poll иҷоза додааст, мегӯяд, далели аслӣ қабл аз ҳама ноогоҳии ҷомеа аз чунин як таҷриба аст ва дигар ҳам ин, ки дар қонунгузории кишвар дар бораи exit poll чизе гуфта нашудааст.

Вай афзуд, шояд аз ин хотир се ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба гузаронидани exit poll ризоият надодаанд.

Ҳарос аз натоиҷи интихобот?

Аммо коршиносон мегӯянд, далели асосии ризоият надодани мақомоти интихоботӣ ба exit poll ҳамоно ҳарос аз натиҷаҳои он будааст.

Раҷаби Мирзо, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, интихоботҳои Тоҷикистон бидуни тақаллубкориҳо анҷом намеёбанд, аз ин хотир, номувофиқатии натиҷаҳои расмӣ бо exit poll боиси пайдо шудани нофаҳмиҳо дар ҷомеа мешуданд.

Вай афзуд, «тарси мақомот ҳам аз баргузор кардани exit poll ин аст, ки натиҷаҳои расмии интихоботро шояд таҳти суол қарор диҳад».

Иддаи дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки интихобкунандаи Тоҷикистон метавонад самимият надошта бошад ва ҳангоми exit poll он гуна изҳори назар мекунад, ки дар асл ин гуна назар надорад. Онҳо мегӯянд, аз ин хотир, натиҷаҳои exit poll ҳам суолангез мебуданд ва мақомот ҳам нахостаанд як дарди сари нав барои худ эҷод кунанд.

Аммо масъулини Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйгирӣ мегӯянд, дар маъракаҳои оянаи сиёсӣ аз ин таҷриба кор хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG