Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмак ба осебдидагони зилзилаи Чилӣ густариш меёбад


Ҳукумати Чилӣ мегӯяд, барои кӯмак ба бозмондагони зилзилаи фоҷеъабори рӯзи шанбеи гузашта тадбирҳои заруриро рӯи даст хоҳад гирифт. Барои расондани маводи ғазоӣ ба осебдидагон аз чархболҳо ва киштиҳо истифода мебаранд. Ба шаҳри Консепшин нируҳои бештар фиристода шудаанд. Ин дуввумин шаҳри бузурги Чилӣ аст ва дар он ҷо қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд, зеро дар мағозаҳо ва марказҳои тиҷоратии шаҳр дуздиву ғорат шурӯъ шудааст. Бино ба маълумот, шумораи қурбониёни зилзила ба 800 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG