Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар СММ гурӯҳи мубориза бо қочоқи инсон ташкил шуд


Ба ибтикори Беларус дар СММ гурӯҳи вижаи мубориза бо қочоқи инсон ташкил шудааст. Аз ин гурӯҳ дархост шудааст, ки барои мубориза дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаи фаъолияти худро пешкаш кунад. Ба ин гурӯҳ 19 кишвар, аз ҷумла Қазоқистону Тоҷикистон, Туркманистону Ӯзбекистон , Банглодеш, Баҳрейн, Ҳиндустону Миср, Венесуэло ва чанд кишвари дигар шомил мешаванд. Дар ояндаи наздик ин гурӯҳ барои баррасии дурнамои фаъолияташ бо Дабири Кулли СММ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG