Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз барои ҳукумати Тимошенко рай медиҳанд?


Интизор меравад, ки имрӯз дар порламони Украина барои ҳукумати хонум Юлия Тимошенко райдиҳӣ сурат бигирад. Ин райи адами эътимод хоҳад буд. Як рӯз пеш Володимир Литвин-раиси порламони Украина гуфт, эътилофи нахуствазир Тимошенко дигар вуҷуд надорад. Ба гуфтаи вай, ин эътилоф натавонистааст нишон диҳад, ки то ҳол дар порламон аксариятро ташкил медиҳад. Ин эътилоф аз ҳисоби ҳизби "Наша Украина"-и Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури собиқ ва блоки худи Тимошенко ба вуҷуд омада буд. Тимошенко Литвин ва ҳизби "Наша Украина"-ро муттаҳам кард, ки эътилофро ғайриқонунӣ барҳам задаанд.
XS
SM
MD
LG