Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ мегӯяд, дар интихобот 30 дарсад раъй гирифтааст


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки аз ҳизбҳои аслии мухолифи давлат ба шумор меравад,и гуфтааст, ки дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб мушоҳида шудааст ва дар ин бора ба додгоҳ шикоят мебарад. Дар ин бора дирӯз Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҳизби мазкур дар Душанбе чунин гуфт, ки "тамоми роҳу василаҳои эътирозро" барои исботи воқеият истифода хоҳанд кард. Оқои Кабирӣ изҳор дошт, ки ҳизбаш 30 дарсади ороро ба даст овардааст, вале Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон онро 7,7 дарсад эълон кардааст. Раҳматулло Зоҳиров-раиси Ҳизби Сотсиал Демократ низ гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботро комилан эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG