Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар апрел Тоҷикистон мизбони машқҳои низомӣ мешавад


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, мумкин аст моҳи апрели соли равон Ӯзбекистон дар машқҳои низомии ОДКБ ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Тоҷикистон ширкат накунад. Дар ин бора Олег Юшков-сухангӯи нируҳои пиёданизоми Русия хабар додааст. Ин машқҳо аз 20-ӯм то 24-ӯми апрел зери номи "Рубеж-2010" баргузор мешавад. Нируҳои вокуниши сареи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин машқҳо амалиёти муштараки зиддитеррористиро тамрин мекунанд.
Юшков гуфтааст, қарор аст аз Русия ва 3 кишвари Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон 600 низомӣ ширкат кунад. Фармондеҳии ин машқҳоро мизбони он вазири дифои Тоҷикистон бар ӯҳда хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG