Пайвандҳои дастрасӣ

30 марзшикани тоҷик дар Бекобод боздошт шудаанд


Раззоқ Шоимардонов-сухангӯи Кумитаи ҳифзи марзҳо ва хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ба хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ки рӯзи сешанбе дар Бекобод дар марз бо Тоҷикистон марзбонони Ӯзбекистон барои нақзи муқаррароти марзӣ 30 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон гуфтаанд, пештар онҳо барои харидории меваву сабзиҷот аз нуқтаҳои пешбинишудаи марз мегузаштаанд, вале ҳоло ин кор имконпазир нест, зеро чанд муддат аст, ки посгоҳҳои марзии Тоҷикистон баста мебошанд. Марзшиканони тоҷик ба ниҳодҳои интизомии Ӯзбкистон супурда шудаанд ва мумкин аст онҳо ба ватанашон баргардонида шаванд. Шоимардонов гуфтааст, дар давоми соли 2009-2010 6,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон пинҳонӣ аз марз гузаштаанд ва ба даст афтодаанд.
XS
SM
MD
LG