Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши таҷҳизоти низомии Амрико ба Покистон


Майкл Донлӣ-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Амрико гуфтааст, ки моҳи ҷорӣ ба Покистон 1000 дастгоҳи нурии ҳидояткунандаи бам хоҳад фиристод, то нируҳои ҳавоии Покистон дар марз бо Афғонистон дар амалиёти зидди шӯришиён ба кор баранд. Фурӯши ин дастгоҳҳо бино ба дархости фармондеҳи нируҳои ҳавоии Покистон сурат мегирад. То ҳол дар мавриди фурӯши дурбинҳои шабона ва таҷҳизоти муттааллиқ ба он тавофуқ ба даст омадааст. Оқои Донлӣ гуфт, ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки ба Покистон 18 бол ҳавопаймои ҷангии F-16 дода шавад ва ин ҳавопаймоҳо дар мубориза бар зидди шӯришиён дар марз бо Афғонистон истифода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG