Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада таҳримҳои зидди Эронро пешниҳод мекунад


Вазири корҳои хориҷаи Канада гуфт, ки кишвараш аз раёсати давраии худ дар Гурӯҳи Ҷӣ-8 ё 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон истифода хоҳад кард ва бар зидди Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш таҳримҳои бештар пешниҳод хоҳад кард. Лоуренс Каннон-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Канада изҳор дошт, ки кишвараш мехоҳад дар охири моҳи ҷорӣ дар ҳамоиши вазирони хориҷаи кишварҳои Гурӯҳи Ҷӣ-8 масъалаи Эронро матраҳ кунад. Амрико кишвари аслии ҷонибдори даври чаҳоруми таҳримҳои зидди Эрон аст, чун шубҳа дорад, ки Эрон бад-ин васила метавонад ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, дар Шӯрои Амнияти СММ омодагиҳо барои таҳияи бастаи таҳримҳо оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG