Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон


Сӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар вилояти Бекободи Узбакистон боздошт шудааанд. Намояндаи дафтари матбуоти Кумитаи марзбонӣ дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, Раззоқ Шоҳимардонов ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя барои таҳқиқ ба дасти ниҳодҳои умури дохилии Узбакистон супурда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир зиёда аз шашуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон боздошт шуда, ағлаби онҳо бозпас ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG