Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳим Ҳасанов, мураббии варзидаи тоҷик даргузашт


Иброҳим Ҳасанов, варзишгар, мураббӣ ва олими шинохтаи тоҷик, ки чанд соли ахир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, 2-юми март дар Теҳрон даргузашт.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки мураббии саршиноси тоҷик бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73- солагӣ аз олам даргузашт.

Даргузашти мураббии машҳур талафоти бузурге барои мардуми тоҷик аст.

Иброҳим Ҳасанов 9-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, аввал Донишкадаи омӯзгории пойтахт ва сипас Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, номзади илми тиб ва профессор буд.

Ӯ 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаиқронӣ дар байдарка буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР оид ба қаиқронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст. Иброҳим Ҳасанов, унвонҳои баланди Устоди шоистаи варзиш ва Мураббии шоистаи Итиҳоди Шӯравиро дошт. Вай барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаиқронии ҷаҳонӣ ва аврупоӣ буд.

Иброҳим Ҳасанов солҳои 1984-85 раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-91 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Вай ду бор депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Иброҳим Ҳасанов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз шудааст.

Иброҳим Ҳасанов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, мураббии барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш Юрий Лобанов, қаҳрамон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон ва Михаил Лобанов қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон мебошанд.

Ҷасади Иброҳим Ҳасанов рӯзи панҷшанбе аз Теҳрон ба Душанбе интиқол шуда, рӯзи ҷумъа дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG