Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи сарвазир Тимошенко фурӯ пошидааст


Раиси порлумони Украина эълон кард, ки эътилофи ҳокими сарвазир Юлия Тимошенко, зимни аз даст додани аксарияти порлумонӣ аз ҳам пошид. Аммо то раъйи эътимод ва гуфтушунидҳои таъсиси эътилофи нав Тимошенко ба иҷрои вазифаҳояш идома хоҳад дод. Бартарии тарафдорони Тимошенко пас аз бохти ӯ ба рақибаш, Виктор Янукович дар интихоботи президентӣ аз байн рафт. Акнун ҷиноҳҳои порлумонӣ 30 рӯз фурсат доранд, то эътилофи нав созмон диҳанд.
XS
SM
MD
LG