Пайвандҳои дастрасӣ

Орзӯ Ҳамидов, ҷавонтарин номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, барои қонуншиканиҳо дар раванди интихобот ба додгоҳ шикоят кардааст.

Ӯ комисияи интихоботии ҳавазаи рақами18 и шаҳри Кӯлобро дар тақаллуби овозҳо ва вайрон намудани қавонини интихоботӣ муҷрим медонад. Ба гуфтаи Орзу, нозирони ӯ дар ин ҳавза зиёда аз 30 ҳолати қонуншикании ҷиддиро сабт карданд ва барои исботи қонуншиканиҳои мазкур далелҳои мӯътамад рӯи даст доранд. Ӯ мегӯяд, “Нахуст дар ин ҳавза ба нозирони ман барои назорат фишор оварданд ва онҳо бо мушкилоти ҷиддӣ вориди ҳавза шуданд. Аз мушоҳидаҳои онҳо бармеояд, ки дар ин ҳавза як нафар ба ҷои ду ё се нафар овоз дода, инчунин масъулони комиссия бидуни азоби виҷдон дар дохили утоқи райдиҳӣ иштирок карда, ба мардум ба кӣ овоз доданро нишон додаанд. Дар беруни ҳавза хат задани варақаҳои интихоботӣ низ мушоҳида шуд.”

Аҳмади Иброҳим, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, воқеан ӯ низ дар ин ҳавза ҳузур дошт ва қонуншиканиҳоро мушоҳида карда, раиси ҳавзаро аз он огоҳ намудааст, вале раиси комиссияи ин ҳавза ба огоҳии ӯ диққат надодааст. Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд, “мушоҳида кардам, ки як нафар ба ҷои 12 нафар овоз медод, вале касе ба ӯ чизе намегуфт”.

Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳи шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, шикояти Орзу аз нахустин шикоят дар мавриди қонуншиканиҳои интихоботи парлумонӣ дар ин шаҳр аст, ки ҳоли ҳозир барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Давлатшо Шарофиддинов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Кўлоб, ҷой доштани қонуншиканӣ дар ҳавзаи рақами 18 дар ин шаҳрро тасдиқ намуд. Аммо вай гуфт, то анҷоми санҷидани қонуншиканиҳо наметавонад, нуқтаи назарашро байён созад.

Орзу Ҳамидов, ҷавонтарин номзад ба вакилии интихоботи порлумонии кишвар, хостори баргузории интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи мазкур мебошад.

Дар ҳавзаи интихоботии рақами 18-и шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимови 70-сола, ки наздики 50 сол аз Орзу Ҳамидов бузургтар аст, бо касби 90 дарсади овозҳо пирӯз эълон шудааст. Ҳабибулло Раҳимов, сохтмончӣ, бародари Саъдулло Раҳимов, собиқ вакили маҷлиси намояндагони халқи Мӯъминобод аст, ки бо ҷиноёти зиёде муҷрим дониста мешуд, вале бинобар ваколати вакилӣ таи даҳ сол мақомоти интизомӣ ӯро боздошт карда наметавонистанд. Аммо соле қабл бо ризоияти маҷлиси халқи вакилони Мӯъминобод ӯ ба ҳабс гирифта шуда, дар маҳбас аз дунё даргузашт.

Орзу Ҳамидов, донишҷӯи соли панҷуми филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб буда, ҳамагӣ 22 сол дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG